Бӯҳрони иқтисодӣ - сабаби худкушиҳо
Одамон аз мушкилиҳои молиявӣ рӯҳафтода шуда, ҳалли онро дар худкушӣ мебинанд.
Бӯҳрони иқтисодӣ - сабаби худкушиҳо
Одамон аз мушкилиҳои молиявӣ рӯҳафтода шуда, ҳалли онро дар худкушӣ мебинанд.
Модари се фарзанд аз Хуҷанд, ки дар шимоли кишвар ҷойгир шудааст, нақл кард, ки шавҳараш ба тиҷорати автомобилҳо машғул буда, бо сабаби пулашро барнагардонидани мизоҷонаш, худкушӣ намудааст.
«Ӯ бо хариду фурӯши автомобилҳои хориҷӣ машғул буд. Пулҳоро қарз мегирифт. Пулҳои қарзмегирифтааш калон буданд ва ӯ ба ман нақл намекард, вале ман фаҳмидам, ки ӯро фиреб доданд», - гуфт ӯ.
Зан маҷбур шудааст бо қарздиҳандагони шавҳараш сарукор барад. «Акнун онҳо назди ман бо талаби баргардонида додани пулҳояшон меоянд», - нақл кард ӯ.
«Аз куҷо ман ин қадар пулро меёбам? Агар ман кор мекардам, оҳиста-оҳиста пулҳояшонро бармегардондам. Хушбахтона, дигарон пас аз маргаш қарзашро бахшиданд», - мегӯяд зан.
Модари ду фарзанд аз ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, ки дар наздикии Хуҷанд воқеъ аст, шавҳарашро пас аз 11 соли хонадорӣ аз даст дод.
Онҳо ҳамроҳи ду бародар ва оилаҳояшон дар як ҳавлӣ иқомат доштанд. То даме, ки шавҳараш кор мекард, онҳо рӯзгорашонро пеш мебурданд, вале вазъият пас аз бекор мондани шавҳар тағйир ёфт.
«Бародарон ба ӯ бо чашми бад нигариста, тавсия менамуданд, ки мо аз онҳо алоҳида зиндагонӣ кунем. Шавҳарам дигар илоҷ ба ғайр аз худро ба дор кашидан, наёфт», - нақл кард ӯ.
«Пас аз 40 рӯз маро аз хона ронданд. Ин як замони даҳшатоваре буд барои ман. Аввал дар хонаи хешовандон зиндагӣ кардам, баъд дар хонаи хоҳарам. Бо кӯмаки одамони нек дар хобгоҳ маскан гирифтам. Сипас, барои хӯрондани фарзандонам ба кор баромадам», - мегӯяд ӯ.
Минтақаи Суғд, ки нисбати дигар вилоятҳои кишвар бо шарофати соҳаи саноаташ, осудаҳол аст, оқибатҳои ҷиддии бӯҳрони иқтисодиро эҳсос намуд.
Ба ғайр аз пастшавии даромад дар дохили кишвар ва камшавии шумораи ҷойҳои корӣ бо сабаби бӯҳрон, ҳамчунин ҳаҷми интиқолҳои пулӣ аз муҳоҷирони меҳнатӣ кам шудааст. Мувофиқи нишондодҳои расмӣ, қариб 150 ҳазор муҳоҷирони мавсимӣ аз минтақаи Суғд дар хори ҷа кор мекунанд, алалхусус, дар Россия ва ҳамчунин дар Қазоқистон.
Наҷиба Ширинбекова, сардори Ташкилоти ҷамъиятии «Ҳуқуқ ва некӯаҳволӣ» ба IWPR иброз дошт: «Нишондодҳои охирон ба сатҳи махсусан баланди камбизоатӣ дар ин минтақа ишора менамоянд. Сабаби он, бекор мондани корхонаҳо дар натиҷаи бӯҳрони молиявӣ ва бӯҳрони зимистонаи энергетикӣ мебошад».
Дар нимсолаи якуми соли 2009 муҳоҷирон аз минтақаи Суғд ба хонаҳояшон беш аз 200 миллион доллари ИМА-ро гузаронидаанд, дар ҳоле ки ҳамин давраи соли гузашта ин рақам зиёда аз 300 миллион долларро ташкил медод».
Нишондодҳои расмӣ доир ба шумораи ҳодисаҳои худкушӣ маҳз бо сабаби бӯҳрони иқтисодӣ рӯйдода, нестанд. Гарчанде баъзан ҳангоми ба қайдгирии ҳолатҳои нохуш кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ҳамчун сабаби худкушӣ «мушкилиҳои молиявиро» номбар мекунанд.
Аз аввали январ то охири июн 15 ҳодиса ба қайд гирифта шуда буд. Валекин ба ин рақам ҳамчунин ҳодисаҳои худкушии нафароне, ки муддати дароз дар камбағалӣ ҳаёт бар сар бурдаанд ва ҳам онҳое, ки вазъияти молиявиашон бо сабаби касодии иқтисодӣ душвор шудааст, дохил шудаанд.
Тибқи нишондоди Идораи корҳои дохилии вилояти Суғд, дар нимсолаи якуми соли 2009 аз ҷониби мақомоти ҳифзи ҳуқуқ 92 ҳодисаи худкушӣ ва 52 кӯшиши худкушӣ кардан ба қайд гирифта шудааст, ки ин ба миқдори 23 ҳодиса нисбати шумораи умумии худкушиҳо дар ҳамин давраи соли гузашта, зиёд мебошад.
Новобаста ба набудани омори аниқ оид ба худкушиҳо, нишонаҳои он вуҷуд доранд, ки одамон аз рӯҳафтодагӣ, ки бо сабаби бӯҳрони иқтисодӣ рӯй додааст, худро аз ҳаёт маҳрум месозанд.
Шумораи худкушӣ байни мардон, ки аксарияташон ба синну соли қобили меҳнат расидаанд, нисбати занҳо мувофиқан ба андозаи – 84 ва 78 баландтар аст. Шумораи занҳо бошад дар кишвар, бо сабаби муҳоҷирати меҳнатии мардон зиёдтар мебошад.
Коршинос оид ба масъалаҳои гендерӣ Раъно Бобоҷонова мегӯяд, ки мушкилиҳои молиявӣ бештар сабаби худкушӣ дар байни мардон шуда, занҳо ба ин қадам танҳо бо сабаби таҷовузи хонаводагӣ даст медиҳанд.
Мардон, ҳамчун қоида масъулияти оилаашонро бар дӯш дошта, таъмингари асосӣ мебошанд. «Ҷамъият одат кардааст мардонро пурзӯр, ҷасур ва ғамхорӣ оила бинад», - мегӯяд Бобоҷонова.
Вале дар замони душвор, кӯшиши мувофиқат кардан ба ин талабот, онҳоро дилшикаста мекунад, мешуморад коршинос.
«Онҳо набояд оби дида рехта, сустии худро нишон диҳанд. Онҳо ҷои рафта дарди дил карданро надоранд, бинобар ин, ба чунин амал даст мезананд», - мегӯяд ӯ.
Тибқи нишондоди ШКД вилояти Суғд, танҳо моҳи гузашта 6 марди синну солашон аз 22 то 60 сола худкушӣ кардаанд.
Ҳангоми шарҳи омор доир ба худкушиҳо, ҳамоаҳангсози маркази бӯҳронии «Гулрухсор» Мавзуна Ҳакимбоева мегӯяд, ки ақидае паҳн шудааст – ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ истисно нест, - ки ба худкушӣ шахсони рӯҳан носолим даст мезананд.
«Аз рӯи нишондодҳои мо, дар аксар ҳолатҳо ба афзоиши ин падида (ҳодисаҳои худкушӣ) вазъияти иқтисодии оилаҳо таъсир мерасонад», - мегӯяд ӯ.
Духтур Малика Сайдалиева мегӯяд, ки бемориҳои рӯҳӣ дар заминаи омилҳои гуногун ба миён меоянд, аз ҷумла мушкилиҳои молиявӣ: «Ин марги наздикон, бекор мондан ва боз як қатор сабабҳои дигар буда метавонанд».
Ӯ шарҳ медиҳад, ки чӣ тавр бесуботии иқтисодӣ метавонад боиси пайдо шудани фикрҳои худкушӣ шавад: «Рӯҳафтодагии доимӣ, саломатии сустгашта, бехудшавиҳои вазнини рӯҳӣ ба бемориҳои асаб оварда мерасонанд ва дар баробари ин хоҳиши худкушӣ кардан ба миён меояд».
Вайронии асаб – ҳолатест, ки нишонаҳои хастагӣ, изтироб ва дилтангӣ дорад.
Сокини 45-солаи Хуҷанд, ки худро Самад номидааст, ба IWPR нақл кард, ки вақте бекор монд, ба ҳолати худкушӣ кардан гирифтор шуд.
Ӯ кӯшиш менамуд, ягон кори доимӣ ёбад, вале ин имконпазир намешуд, даромадҳои якбораина бошанд, нокифоя буданд. Аз ноумедӣ Самад ба майнӯшӣ сар кард. Дар оилааш ҷангу хархаша оғоз ёфт.
«Ман аллакай омода будам, худкушӣ намоям ва тасаввур мекардам, чӣ гуна ин корро ба анҷом мерасонам. Вале як бегоҳирӯзӣ духтарчаи хурдиам ба зонуам нишаста гуфт: «Дада, ман туро хеле дӯст медорам», - нақл кард ӯ.
«Ман гӯё аз сар таваллуд шудам ва дарк намудам, ки дар зиндагӣ, нисбати ҷонсӯзиҳои худам, чизҳои муҳимтаре ҳастанд», - гуфт Самад.
Камшавии ҳаҷми интиқолҳои пулӣ ба вазъи шаҳрвандоне, ки аз хешовандони муҳоҷирашон маблағ мегирифтанд ва он ҳамчун кафолат барои гирифтани қарз хизмат менамуд, аксёбӣ менамояд. Ташкилотҳои микрокредитӣ аз банкҳо мактуб талаб мекунанд, ки дар он далели интиқоли ҳармоҳаи пулҳо ҳамчун кафолати минбаъдаи пардохти кредит тасдиқ ёбад.
Сардори хадамоти пешгирии ҳуқуқвайронкуниҳо дар байни ноболиғон ва ҷавонон дар назди ШКД-и вилояти Суғд Раҳимҷон Абдувалиев ба IWPR нақл намуд, ки дар омори соли ҷорӣ ҳамчунин худкушиҳои мардоне, ки илоҷи пӯшонидани қарзро надоштанд, дохил мешавад. Шумораи аниқи чунин ҳодисаҳоро Абдувалиев номбар карда натавонист.
Барбара Кройтер, машваратчии Хадамоти олмонии рушд (DED) дар Ассотсиатсияи ташкилотҳои микромолиявии Тоҷикистон, тасдиқ намуд, ки аксари шаҳрвандон барои пӯшонидани қарзҳояшон душворӣ диданд.
Соли ҷорӣ мӯҳлати ба таъхир мондани қарзҳо 4 маротиба нисбати соли 2008 афзудааст», - изҳор намуд ӯ.
Дар ду соли охир афзоиши шумораи худкушиҳо дар вилояти Суғд ба қайд гирифта шудааст. Вале зиёдшавии кӯшишҳои худкушӣ кардан дар рӯзҳои охир диққати ҳукуматдонро ниҳоят ба худ ҷалб намуд.
Июли соли 2009 ҳокимияти маҳаллии минтақаи Суғд дар шимоли кишвар қарор доир ба ташкил намудани комиссияи махсус барои корбарӣ дар самти пешгирӣ намудани худкушиҳо, қабул карданд.
Мудири шӯъбаи масъалаҳои иҷтимоӣ-маърифатӣ ва муносибатҳои байналмиллалии маъмурияти шаҳри Хуҷанд Зулфия Улмасова хабар дод, ки комиссия ташкили вохӯриҳо ва гузаронидани сӯҳбатҳоро дар нақша дорад. Ба ҳайати комиссия вакилони парлумони Тоҷикистон, рӯҳшиносон, намояндаи уламо, кормандони милиса ва адибон дохил мешаванд.
Маъмурият ҳамчунин барои гирифтани кӯмак ба имомхатибҳои масчидҳо муроҷиат намуд.
«Бигзор бештар ба мӯъминон дар бораи сабру тоқат ва масъулият дар назди оилаҳояшон сухан намоянд», - гуфт Умарова.
Бахтиер Валиев, рӯзноманигор аз Тоҷикистон, ки тренингҳои IWPR-ро гузаштааст.