Дар нисбати Точикистон маблаѓузорон хамоно дудилаанд

Ба гуфтаи тањлилгарон, барои љалб намудани маблаѓгузорони нав ќонунгузорї дар кишвар ва ва муњит барои маблаѓгузорї бояд соддатару шаффофтар гардонда шаванд.

Дар нисбати Точикистон маблаѓузорон хамоно дудилаанд

Ба гуфтаи тањлилгарон, барои љалб намудани маблаѓгузорони нав ќонунгузорї дар кишвар ва ва муњит барои маблаѓгузорї бояд соддатару шаффофтар гардонда шаванд.

Monday, 19 November, 2007
, бино ба печидагии низоми конунгузории кишвар ва густариши васеъи фасод (корруптсия) байни мансабдорон, њамоно барои маблаѓгузорї кардан дар Тољикистон чандон намешитобанд, мегўянд коршиносон.



Дар охири моњи октябр вазири корњои хориљии Тољикистон Њамрохон Зарифї бо сафирони муќими љумхурии давлатњои Аврупо вохўрї баргузор намуд ва аз онњо даъват ба амал овард то дар кори љалб намудани маблаѓгузорихо аз кишвархояшон мусоидат кунанад.



Аз љумла, њукумати Тољикистон барои ба анљом расондани эъмори нерўгоњи азими Роѓун, ки тобистони соли љорї аз сабаби ихтилофе, ки байни рохбарияти љумњурї ва ширкати русие, ки бино намудани нерўгохро ба ўхда дошт, боздошта шуд, ба дастгирии молиявї эњтиёљ дорад.



Вале чунин дурнамо таваљљўњи дипломатњои аврупоиро боис нагашт. Онњо исрор доранд, ки дар кишвар дар ростои фароњам сохтани муњити мусоидтар барои маблаѓгузорони хоричї хељ коре карда намешавад.



Тољикистон яке аз нодоротарин кишвархои минтака буда, ба гайр аз об, ки бо истифода аз он нерўи барќ истењсол мешвад, захирањои дигари казоии энергетикиро доро намебошад.



Нерўгоњи Роѓун барои ояндаи кишвар нихоят муњим дониста мешавад ва њукумат барои анљом додани бинои он, ки њоло 30 сол муќаддам шурўъ шуда буду баъд аз фурўпошии Иттињоди Шўравї дар соли 1991 ќатъ гашт, пайваста кўшиш мекунад.



Соли 2004 президенти кишвар Эмомалї Рањмон ба ширкати русии алюминийсози РУСАЛ имконияти ба субут расондани сохтмони нерўгоњро ато намуд, то ин ширкат тавонад нерўи ба даст меомадаи барќро барои ба роњ мондани истењсоли алюминий, ки ба миќдори зиёди барк эњтиёљ дорад, тавзиф кунад. Вале чанд моњ пеш, азбаски ихтилофњои тарафайн рољеъ ба масоили фаннї, аз ќабили, масалан, баландии сарбанд, њалли муносиби худро наёфтаанд, бекор карда шуд. Моњи сентябр президент Рањмон санадеро дар бораи ба таври нињої бекор кардани созишномаро ба имзо расонд.



Барои ба анљом расондани лоиња њукумати Тољкистон мехоњад як консортсиумро дар њайати чанд маблаѓгузори хоричиї таъсис дихад. Аммо, ба аќкидаи тањлилгарон, пайдо кардани чунин маблаѓгузорон шояд амре гардад на чандон осон.



Бино ба маълумоти Вазорати рушди иќтисодї, зиёдшавии маблаѓгузорихои мустаќим ба назар мерасад. Дар соли гузашта хаљми онњо 196 миллион доллари ИМА-ро ташкил кард ва аз моњи январ то моњи октябри соли љорї ба 167 миллион доллар расид.



Вале 105 миллион доллар аз ин маблаѓ аз як манбаъ ворид гашт – онњо пулњое мебошанд, ки Русия барои татбиќи лоињаи дигари энергетикї, лоињаи « «Сангтўда -1» људо кардааст. Имрўз ќисми бештари маблаѓхои инвеститсионї аз Русия – шарики стртегии Тољикистон, Эрон-кишвари хамфарханг, ва њамсояи шарќї - давлати Чин, ворид мешавад.



Сафир Грэм Лотен ба њайси намояндаи Иттињоди Аврупо дар љумњурї иброз намуд, ки Тољкистонро, агар теъдоди бештари маблаѓгузоронро чалб карданї бошад, лозим аст ќонунгузории худро соддатар ва шароити инвеститисониро шаффофтар гардонад.



«Ќонунгузории печида бояд соддатар карда шавад, маълумот дар бораи маблаѓгузорињо шаффофтар бошад ва, аз њама муњимтар, мубориза бо фасод дар њамаи сатњо ба рох монда шавад», - гуфт ў.



Дар мусоњиба бо IWPR Лотэн ќайд намуд, ки маблаѓгузорони Бритониё, ки бо ширкатњои муштарак кор мекунанад, пайваста норозигии худро аз зуд-зуд дигаргун шудани ќоидањои бозї ва ворид намудани тагйирот ба созишномањои расмї баён мекардаданд.



Ў барои мисол як њодисаеро ёдовар гашт - ширкати бритонї, баъд аз он ки ба созишнома байни ин ширкат ва њукумати Тољикистон дигаргунихо ворид карда шудаанд, маљбур гашт ба фаъолияти худ дар кишвар хотима бахшад.



Дилшод Алимов, њуќуќшиноси корпоратсияи ПРАГМА, як ширкати машваратдињандаи шахри Вашингтон, дар мусоњибааш ба IWPR гуфт, ки ба ќайдгирии сохибкорї дар Тољикистон раванди тўлонї ва мураккаб мебошад. Маблаггузорон бояд як ќатор расмиятхоро ба љо оранд ва бо теъдоде аз маќомоти давлатї, ба шумули Вазорати адлия ва Вазорати корњои дохилї сарукор дошта бошанд.



«Ба соњибкор лозим меояд, ки худаш њамаи ин нињодњоро давр занад ва раванди аз ќайди давлатї гузаштан метавонад барои ў аз ду то шаш моњ тўл кашад», - таъкид намуд Алимов.



Ба гуфти ў, ин раванд ба маротиб осонтар мегардад, агар њукумат мабдаъи «як равзана»-ро, ваќте ки соњибкор дар як макон, ки дар он љо намояндагони њамаи сохторњои марбута њузур доранд, татбиќ кунад. Тољикистон ба сўи чунин низом њаракат мекунад, вале, ба аќидаи Алимов, њоло гуфтан душвор аст, ки кай ин гуна низом феълан ќоим мегардад.



Алимов бо он муттафиќ аст, ки маблаѓгузорињо ба Точикистон амрест марбут бо хатарњо. Аз лињози дараљаи таъмини њимояти маблаѓгузорон љумњурї дар руйхати марбутаи кишварњо, ки аз љониби Бонки Љахонї соли гузашта тартиб дода шудааст, љои дуюмро аз поин ишѓол мекунад.



Яке аз норасоињои љиддї, гуфт ў, иборат аз он аст, ки Тољикистон ба ќатори давлатњое, ки конвентсияро, ки фаъолияти додгоњњои њакамро назорат мекунад, имзо кардаанд, дохил намешавад. Аз ин рў, ваќте ки ширкатњои хориљї вориди бањсу муноќаша бо шарикони мањаллиашон гаштанд, онњоро лозим омад, ки корњои худро дар асоси низоми мањаллии додгоњ файсала кунанад.



«Чанде аз маблаѓгузорони хоричї ќазияињои худро дар додгоњњои Тољикистон бой додаанд», - гуфт Алимов.



Амри акс њам имконпазир аст, мегўяд Алимов. Асоси сусти ќонунгузорї метавонад ба омадани маблаѓгузороне имконият дихад, ки хуќуќшиносони ба дараљаи хуб огоњро доранд ва ин хуќуќшиносон метавонанд њаргуна норасоињоро дар ќонунгузорї пайдо кунанду «фаъолияти соњибкории худро тавре ба роњ монанд, ки њељ гоњ дар ваташон барои ин иљозат намедоданд».



Тањлилгари дигар, ки нахост номаш ифшо гардад, гуфт, ки маблаѓгузорон аз сабаби бюрократизми точик ва сатњи баланди фасод бо душворињову мушкилањои зиёд рў ба рў мешаванд. Аз љумла, ў мушкилоти марбут ба сабти ном шуданро ёдовар гашт – њатто агар пардохти расмї баланд набошад њам, «дар амал њар як нињод дар асоси сирф ќонунї метавонад оинномаро барои такмилдињї баргардонад ва соњибкорро ба њолате расонад, ки барояш осонтар мегардад ба таври гайрирасмї пул пардохт кунад».



Ѓафур Расулов, сардори шўъбаи кор бо расонањои гурўњї, тарљума ва ташрифоти Вазорати рушди иќтисодї ва савдо, эътироф мекунад, ки бо вуљуди бењбудињои муайян, шароит барои маблаѓгузорони хусусї ба меъёрњои муосири байналмилалї чандон наздик нашудааст.



Дар баъзе њолатњо, гуфт ў, пас аз гузаштани ваќти муайян созишномањо аз он хотир тагйир дода шуда будаанд, ки шахсоне, ки аз љониби тољик барои тањия онхо масъул будаанд, хангоми омода намудани ин созишномањо хамаи пасомадњоро ба таври пурра пешбинї карда натавонистанд.



«Агар дар ваќташ тањлилгарон њамаи унсурњову хатарњоро дуруст њисобу пешбинї мекарданд, пас аз дањ сол созишномаро таѓйир додан лозим намеомад», - мегўяд Гафуров.



Тањлилгар Њољимуњаммад Умаров исрор дорад, ки монеъаи асосї дар роњи маблаѓгузорињои хориљї фасодзадагии мансабдорону курсинишинон мебошад. Илова бар ин, бумбасти љугрофї ва набудани низоми дуруст ба рох мондашудаи мувосилоти наќлиётї ба Тољикистон љиддан халал мерасонанд.



Ба аќидаи Умаров, дар Тољикистон, нисбат ба кишварњои дигари њамсояи Осиёи Марказї, ба дараљаи бештар сабук намудани андозбандии маблаѓгузорон метавонад яке аз роњњои њалли мушкила гардад. «Бояд чунин шароит фароњам сохт, ки нисбат ба кишварњои њамсоя хеле бењтар бошад, масалан, дар андозбандї. Вале њоло дар мо андозњо нисбат ба Русия, ё худ Ќазоќистон хеле баландтар аст», - иброз дошт ў.



Аммо диди Сайфулло Сафаров, муовини мудири Маркази баррасињои стратегї, хушбинтар аст. Ў исрор дорад, ки њукумат дар ростои дар Тољикистон фароњам сохтани мухиту шароити мусоид барои маблаѓгузорон корњои зиёдро ба сомон мерасонад, аз љумла аз тариќи ба ќонунгузорї ва соњањои дигар ворид намудани тагйироту дигаргунињои эљобї.



«Ќаблан мо мењмонхонањои хуб надоштем, алоќа бад буд, низоми бонкї хуб кор намекард. Имрўз њама чиз рў ба бењбудї ва бењбудии назаррас нињодааст. Мењмонхонањои сатњи баланд бино меёбанд, алоќа дар Тољикистон нисбат ба кишвархои зиёди дигар хеле бењтар мебошад, бонкњо нерўмандтар ва устувортар мегардаданд», - мегўяд ў.



Лола Холиќљонова, муњаррири IWPR дар Тољикистон, Рухшона Наљмиддинова, сањмгузори IWPR дар Душанбе.
Frontline Updates
Support local journalists