Қонунгузории Тоҷикистон дар хусуси маъюбон номукаммал аст

Маълумотномаи «корношоямӣ» ба одамоне, ки кор карда метавонанд ва мехоҳанд, дар ёфтани ҷои корӣ монеа мешавад.

Қонунгузории Тоҷикистон дар хусуси маъюбон номукаммал аст

Маълумотномаи «корношоямӣ» ба одамоне, ки кор карда метавонанд ва мехоҳанд, дар ёфтани ҷои корӣ монеа мешавад.

Парвиз Бобошарипови 27-сола бо тамоми қуввааш ҷои кор мекобад, вале чун маъюб аст, шаҳрванди корношоям шуморида мешавад.

Сокини пойтахти Тоҷикистон Душанбе Бобошарипов, бо сабаби осеби пойҳояш, ки онро дар кўдакиаш, ҳангоми бозикунӣ дар роҳи оҳан гирифтааст, тавассути асобағалҳо роҳ мегардад.

Ў ду маротиба соҳиби кор гашта буд, аввал дар шўъбаи маорифи ноҳиявӣ, сипас ба сифати муҳосиб дар мактаби миёна. Кори охиринаш ба ў дар як моҳ 30 доллари ИМА даромад меовард, ки базўр роҳпулиашро мепўшонд.

Агар кор медошт, таъминкунандаи асосӣ дар оила мешуд, вале аллакай зиёда аз як сол мешавад, ки ў бекор аст. Имконияти нахустин ин ронандаи таксӣ шудан аст, вале ин ҳам барояш дастнорас аст, зеро ў маъюби гурўҳи 2-юм аст.

«Рости гап, ман мошинро аз дигар таксистон дида, бадтар намеронам, вале ночорӣ дар он аст, ки ман маҷрўҳи гурўҳи 2-юм буда, аз рўи қонун ҳуқуқи шаҳодатномаи ронандагӣ доштан, надорам, - мегўяд ў. – Ман соҳиби дониш ва қувва ҳастам, ва баробари солимон кор карда метавонам. Вале аз як сол зиёд ба худ кореро бо маоши арзанда, ки барои зиндагӣ кардан кифоя аст, ёфта наметавонам».

Дар Тоҷикистон системаи шўравии тақсимбандии маъюбӣ аз рўи се гурўҳ боқӣ мондааст, ки ба ҳар яки онҳо имтиёзҳо ва ҳуқуқҳои муайян мутаносиб доранд.

Ба маъюбони ҳамаи гурўҳҳо давлат нафақа медиҳад, ки андозаи он аз гурўҳ вобаста аст, вале маъюбони ҳатто гурўҳи вазнинтарини 1-ум, аз 35 доллар дар як моҳ бештар намегиранд. Шаҳрвандоне, ки пас аз ягон давраи коркунӣ маъюб мешаванд, ба миқдори 70% андозаи музди меҳнати пешинаашон нафақа мегиранд, дар ҳоле ки ба маъюбони аз хурдсолӣ танҳо имтиёзҳо дода мешаванд.

Сардори идораи бозори меҳнати Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоӣ, шуғли аҳолӣ ва муҳоҷират Ниёз Қурбонов, шарҳ дод, ки мувофиқи қонунгузории амалкунанда, танҳо маҷрўҳони гурўҳи 3-юм иҷозати коркунӣ доранд; ҳамчунин онҳо метавонанд кўмакпулӣ барои бекорӣ гиранд.

«Маъюбони гурўҳҳои 1 ва 2 ҳуқуқи ба қайди бекорон даромадан, надоранд. Онҳо нафақа мегиранд ва бинобар ин, ҳоҷати коркунӣ надоранд», - гуфт Қурбонов.

Ғайр аз прадохтҳои имтиёзӣ, ду гурўҳи аввали маъюбон барои пардохти хизматрасонии маишӣ 50% тахфиф доранд, ҳамчунин ҳуқуқи ройгони гузаронидани телефони хонагиро доранд.

Раиси Ҷамъияти маъюбони шаҳри Душанбе, Асадулло Зикрихудоев ба IWPR гуфт, ки чунин маъюбон ба монанди Бобошарипов, ки кор карда метавонанду мехоҳанд, хеле зиёданд, вале дар ҳама ҷо ба онҳо ҷавоби рад медиҳанд, зеро онҳо «дар гурўҳи лозима» нестанд.

«Маъюбони ҷавон дар ташкилотҳои гуногун қобилияти кор кардан доранд, вале куҷое нараванд, онҳоро қабул намекунанд, - гуфт ў. – Сабаб дар он аст, ки ҳангоми гирифтани маълумотномаи маъюбии гурўҳҳои 1 ва 2 дар он «корношоям» менависанд.

Ба гуфтаҳои Зикрихудоев, аз 7 ҳазор одаме, ки дар ҷамъияти ў ба қайд гирифта шудаанд, танҳо аз даҳ як нафар соҳиби ҷойи кор аст. 90 фоизи боқимонда маҷбур ҳастанд, рўзашонро бо кўмакпулии ночизи давлатӣ гузаронанд. Баъзеҳо оилаашонро таъмин мекунанд, дигарон бошанд, дар кўчаю назди масҷидҳо садақа пурсида, зинда мемонанд.

Тоҷикистон кишвари камбизоаттарини минта қаи осиёимарказӣ мебошад ва қариби ними аҳолии он ба андозаи камтар аз ду доллар дар як рўз зиндагӣ мекунанд. Ду доллар – ин меъёри Бонки ҷаҳонӣ барои баҳодиҳии камбизоатӣ мебошад.

Зикрихудоев мегўяд, ки дар чунин вазъи иқтисодӣ, вақте ҳар яке бо душворӣ ҷои кор пайдо мекунад, маҷрўҳон ба вазъияти дучанди вазнинтар дучор мегарданд, махсусан вақте ба таври расмӣ мақоми «корношоям»-ро доранд.

Аз вазъи худ Зикрихудоев мегўяд, кўмакпулиҳои барои кўдакон ва корношоямие, ки ў мегирад, қариб 38 долларро дар як моҳ ташкил медиҳанд, дар ҳоле ки дар ўҳдаи ў таъмини ҳамсар, модар, ду хоҳар ва додари хурдӣ қарор доранд.

«Ба ман ин кўмакпулиҳо… лозим нестанд, беҳтараш ман дар баробари солимон кор мекунам, ва асосаш он, ки ба ман маоши хуб диҳанд, - мегўяд ў. – Ба ман ҷои кор хеле зарур аст. Акси ҳол, ман маҷбур мешавам, дар бозор ё кўчаҳо садақа пурсам».

Зимни нишондодҳои Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоӣ, дар кишвар бо аҳолии 7,5 миллион дошта, қариби 200 ҳазор одамро бекорон ташкил мекунанд, ҳарчанд коршиносон мегўянд, ки шумораи аслии онҳо метавонад баландтар бошад.

Мансабдорони ҳукуматӣ мушкилии дастрасиро барои коркунӣ тасдиқ менамоянд.

«Имрўзҳо, вақте солимон ҷои корӣ ёфта наметавонанд, таъмин намудани маҷрўҳон бо кор ду маротиба душвор аст. Ҳазорҳо шаҳрвандони ҷавону калонсоли ҷумҳурӣ дар ҷустуҷўи ҷои корӣ ба Россия ва дигар кишварҳо муҳоҷират менамоянд», - гуфт корманди вазорат ба шарти номаълум монданаш.

Ба гуфтаҳои Қурбонов, мувофиқи барномаи таъмини аҳолӣ бо кор, ҳукумат ният дорад, қариб 220 нафар корношоямонро соли ҷорӣ бо кор таъмин намояд ва қариб 640 нафарро дар соли оянда.

«Мувофиқи ин барнома квотаҳо муайян шуда, ҳар як ташкилоте, ки дар он зиёда аз 20 нафар корманд бошад, вазифадор аст, ки ба кор як маъюбро қабул намояд», - илова намуд ў.

Дар назди Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоӣ хадамоти махсус вуҷуд дорад, ки бо мониторинги вазъияти шуғли маҷрўҳон машғул мебошад. Он ўҳдадор аст, ки дар сурати поймол кардани ҳуқуқҳои маҷрўҳон кордиҳандагонро ҷарима бандад, ва ҳамчунин барои қабул кардани шаҳрвандони «корношоям» кордиҳандагонро ҷазо диҳад.

Раҳматилло Зойиров, ҳуқуқшинос ва раиси Ҳизби сотсиал-демократии Тоҷикистон чунин мешуморад, ки тақсимбандӣ набояд ба таври автоматикӣ одамро аз имконияти соҳиби кор шудан, маҳрум созад.

«Мафҳуми «корношоям» -ро таърифи боз ҳам дақиқтар додан лозим аст. Охир шаклҳои гуногуни маъюбӣ вуҷуд доранд ва ин одамон қобилияти иҷро кардани намудҳои муайяни корҳоро доранд, - мегўяд ў. – Маҷрўҳони гурўҳи 1-ум, ғайр аз, беморони рўҳӣ, метавонанд дар хона кор кунанд».

Қурбонов эътироф дорад, ки қонунгузорӣ ислоҳот мехоҳад, ва мегўяд, ки вазорати ў айни ҳол бо таҳияи қонуни нав машғул аст, ки он ба маҷрўҳони ҳар се гурўҳ ҳуқуқи кор карданро муҳайё месозад.

Дар ҳоли ҳозир, ба кор қабул кардани шахси ҳатто гурўҳи сеюми маъюбӣ дошта, барои аксари кордиҳандагон беманфиат аст. Ба гуфтаи Зикрихудоев, ҳуқуқи рўзи кории 6-соата, рухсатии меҳнатии пардохтшаванда ба миқдори 42 рўз ва рухсатии иловагии бемузд ду бор дар як сол ба он оварда мерасонад, ки кордиҳандагон бо дили нохоҳам чунин шаҳрвандонро ба кор қабул мекунанд.

Тавре Зойиров мегўяд, ҳукумат бояд ба сифати ҳавасмандгардонӣ барои ба кор қабул кардани маъюбон, ширкатҳоро аз баъзе намудҳои андоз озод кунад, ҳамчунин ба системаи шўравии дотатсияи иттиҳодҳои гуногуни маъюбонро баргардонад, ки ин барои аъзоёни ў, имконияти таъсис додани ҷойҳои кориро фароҳам меоварад.

Раиси Ҷамъияти ҷумҳуриявии нобиноён Турбек Давлатов, замонҳои пешинаро ба хотир меорад, вақте нафақаҳо зиёдтар буда, давлат корхонаҳои махсусро барои кор кардани нобиноён таъсис медод.

Чунин корхонаҳо ба Ҷамъияти нобиноён гузаштанд, вале айни ҳол аксари онҳо кор кардани худро қатъ намудаанд, зеро таҷҳизоташон фарсуда шуда, молҳои истеҳсолмекардаашонро, молҳои монанд ва боз ҳам арзон аз Хитой иваз намудаанд.

«Мо нафақат маоши хуб мегирифтем, балки аз ҳисоби фоида ба худ хона месохтем, - мегўяд Давлатов. – Акнун қисми зиёди нобиноён бекор буда, берун аз хатти ақали камбизоатӣ умр ба сар мебаранд».

Ба гуфтаҳои Далватов, аз 10 ҳазор сустбиноён дар Тоҷикистон, танҳо 640 нафар ба таври расмӣ ҷои кор доранд, ва шумораи аслии бо кор таъминбудагон, эҳтимол ҳатто камтар аст.

«Мо ҳоло мушкилии азимеро бо таълимгирӣ ҳис мекунем. Вақте нобиноён маълумоти хуб гирифта наметавонанд, соҳибихтисос нестанд ва ҷои корӣ надоранд, бешубҳа, онҳо танҳо бо садақапурсӣ машғул шуда метавонанд, то рўзашонро гузаронида, аз гушнагӣ намиранд», - мегўяд Давлатов.

Давлати Шоэтибор – рӯзноманигори мустақил дар Тоҷикистон.

Мақолаи мазкур дар доираи ду лоиҳаҳои IWPR таҳия карда шудааст: «Ҳифзи ҳуқуқҳои инсон ва маълумоти ҳифзиҳуқуқӣ тавассути ВАО дар Осиёи Марказӣ», ки аз ҷониби Комиссияи Аврупо ва «Барномаи иттилоотӣ оид ба рӯшансозии масоили ҳифзиҳуқуқӣ, муноқишаҳо ва мустаҳкамгардонии боварӣ», ки аз ҷониби Вазорати корҳои хориҷии Норвегия маблағгузорӣ карда мешаванд.

IWPR барои мӯҳтавои мақолаи мазкур масъулияти пурра бурда, дар ягон ҳолат нуқтаи назари кишварҳои Иттиҳоди Аврупо ё Вазорати корҳои хориҷии Норвегияро инъикос наменамояд.

 


 

Tajikistan
Frontline Updates
Support local journalists