Тоҷикистон ва Русия: Фоли фардо чӣ хоҳад буд?

Кӯшиши Душанбе зимни таъкид барои гирифтани фоидаи иқтисодӣ аз ҳамкориҳои низомӣ бо Маскав метавонад коргар нашавад, - чунин мешуморад коршиноси русиягӣ доир Осиёи Миёна.

Тоҷикистон ва Русия: Фоли фардо чӣ хоҳад буд?

Кӯшиши Душанбе зимни таъкид барои гирифтани фоидаи иқтисодӣ аз ҳамкориҳои низомӣ бо Маскав метавонад коргар нашавад, - чунин мешуморад коршиноси русиягӣ доир Осиёи Миёна.

Tuesday, 16 August, 2011

Arkady Dubnov

Arkady Dubnov
Political analyst with Moskovskie Novosti newspaper.

Ҳоло гуфтушунид миёни Русияву Тоҷикстон идома дошта, ҷонибҳо кӯшиш доранд дар бораи ҳамкориҳои низомӣ ба мувофиқа расанд. Ин гуфтушунид дар арафаи сафари президенти Русия Дмитрий Медведев ба Тоҷикистон, ки ибтидои моҳи сентябр ба нақша гирифта шудааст, сурат мегирад.
 

Лидери Русия ба Душанбе дар доираи саммити ИДМ, ки ба 20-солагии таъсиси ин Иттиҳод бахшида мешавад, ташриф меоварад.

Интизор меравад, ки маҳз ҳамон вақт Созишномаи нави ҳамкорӣ дар масъалаҳои марзӣ ба имзо мерасад. Мӯҳлати санади қаблӣ, ки тибқи он 300 нафар мушовирони русиягӣ ба марзбонони тоҷик ёрӣ мерасонданд, ба охир расидааст. Ин Гурӯҳи мушовирон дар соли 2005, баъди мӯҳлат ба мӯҳлат супоридани марзи Афғонистону Тоҷикистон таъсис ёфта буд.

Тибқи иттилооти расонаҳои гурӯҳӣ, дар марҳилаи аввали гуфтушунидҳо дар оғози соли равон Маскав фаҳмонд, ки бозгашти марзбонҳои Русияро ба марзи 1344 километраи Афғонистону Тоҷикистон хоҳон аст. Аммо аз вокуниши ҷониби Тоҷикистон чунин бармеояд, ки Душанбе мухолифи ин аст.

 Бо истинод ба намояндаи расмии Тоҷикистон, ки нахостааст номаш ифшо шавад, «Азия-плюс» рӯзи 11 август навиштааст, ки дар чорчӯби ҳамкорҳои мавҷудаи ҳифзи марз ҳеҷ тагйироте дар назар гирифта нашудааст. Ба қавли ин манбаъ, Гурӯҳи русиягӣ минбаъд ҳам ба ҳамкорони тоҷики худ дар тарбияи кадрҳо, боркашонӣ тавассути ҳавопаймоҳо, муҷаҳҳаз намудани марзи давлатӣ бо таҷҳизоти муҳандисӣ ба таври ройгон ёрии машваратӣ ва методӣ мерасонад.

Ба гайр аз барқарор кардани ҳамкориҳо дар марз дар ҷараёни гуфтшунидҳо ҷанбаҳои дигари ҳамкориҳои низомӣ мавриди бараасӣ қарор мегиранд. Аз ҷумла, сухан дар бораи сарнавишти минбаъдаи пойгоҳи низомии 201 – и Русия ва имконияти иҷора гирифтани фурудгоҳи Айнӣ аз ҷониби Русия меравад.
IWPR ба коршиности сиёсӣ доир ба Осиёи марказӣ, шореҳи сиёсии рӯзномаи «Московсие новости». Аркадий Дубнов муроҷиат намуда, хоҳиш кард ташреҳ кунад, ки кадом ҷанбаи ҳамкориҳои низомӣ барои ҷонибҳо муҳим ба ҳисоб мераванд.

Aркадий Дубнов: Хеле мушкил аст, ки аз нуқтаи назари муҳимият барои Тоҷикистон кадом яке аз ин масъалаҳо ҷудо карда шаванд. Тоҷикистон имрӯз гӯё миёни аъроф мондааст. …Аз як тараф бояд истиқлолияти худро ҳифз кунад, аз ҷумла истиқлолияти низомиву сиёсиро, аз тарафи дигар аз ҳамкорӣ ба бозингарони ҷаҳонӣ, аз вазъияти географиву геополитикии худ истифода намуда, маблағ ба даст оварад.


Биёед аз дивизияи 201-ум шурӯъ намоем… Ман фикр мекунам, ки Маскав то охир барои боқӣ мондани ин пойгоҳи низомӣ дар Тоҷикистон мубориза намебарад, агар Тоҷикистон барои иҷорапулӣ маблағ талаб кунад.

Инҷо гуфтан хеле мушкил аст, ки ҳақ асту кӣ ноҳақ. Маскав, чунон ки маълум аст, ба ин андеша аст, ки Душанбе бояд дар назар гирад, ки солҳои дароз Русия Тоҷикистонро бо силоҳҳову таҷҳизот ба таври имтиёзнок ё ройгон таъмин мекард. Бинобар ин, ба назари онҳо Душанбе ҳаққи маънавии талаб кардани иҷорапулиро надорад.

IWPR: Аз гуфтаҳои шумо чунин бармеояд, ки аз мустақар будани дивизияи 210-ум аз Русия дида, Тоҷикистон бештар фоида мегирад?

Аркадий Дубнов: Бале, ман дар ҳамин фикр ҳастам, ки пойгоҳи 201-уми Русия барои тоҷикон бозори хеле ҷиддии кор ба ҳисоб меравад. Аммо аз нуқтаи назари низомӣ, хайр бигӯед, ки ин пойгоҳ ба Русия имрӯз чӣ дода метавонад?

IWPR Бархе коршиносон иддао доранд, ки ҷониби Тоҷикистон бештар манфиатдор аст, ки он ба амрикоиҳо дода шавад, на ба Русия. Ин иддао то кадом андоза дуруст аст?

Аркадий Дубнов: Дар ин бора кайҳо боз гуфтугузорҳо идома дорад. Амрикоиҳо худро хурсанд нишон дода, кӯшиш мекунанд бигӯянд, ки ба ин фурудгоҳ зарурат надоранд.

Агар мо дар бораи фурудгоҳи низомии Айнӣ гап занем, ба назари ман, аз як ҷониб Маскав кӯшиш мекунад, ки онро ба ихтиёри худ бигирад. Аз ҷониби дигар, мекӯшад имкон надиҳад, ки ин фурудгоҳ ба дасти дигар давлатҳо афтад.

Ман фикр мекунам, ки ҳақиқат дар миёна аст. Дар ҳолати хориҷ шудани артиши Амрико аз Афғонистон, барои онҳо инфрасохторҳое зарур мешаванд, то ки вазъиятро дар атрофи Афғонистон зери назорат дошта бошанд. Бинобар ин, фурудгоҳи Айнӣ метавонад яке аз он нуқтаҳои барои амрикоиҳо муфид гардад. Тасдиқи ин андеша хеле мушкил аст, зеро нақшаҳои ниҳоии хориҷ шудани артиши Амрико аз Афғонистон то ҳол ташреҳ нашудааст.

Айнӣ метавонад яке аз он марказҳои мусолиҳаву мувофиқа миёни Русия ва Иёлоти муттаҳидаи Амрико гардад. Чунон ки дар вақташ фурулгоҳи «Манас» дар Қирғизистон гашта буд. Ин як навъ мавқеи мувофиқашудае буд, ки манфиати бештарро аз он Бишкек гирифт. Дар инҷо ҳам ҳамин хел шуданаш мумкин аст. Агар Маскаву Вашингтон дар мавриди истифодаи фурудгоҳи Айнӣ дар заминаи шартҳои барои ҳаоду ҷониб муфид ба мувофиқа расанд, манфиати аз ҳама бештарро Душанбе соҳиб мешавад.

IWPR: Вокуниши аз ҳама сахтро дар Тоҷикистон мубоҳиса дар бораи он ки Русия боз мехоҳад марзи Тоҷикистону Афғонистонро ба ихтиёри худ бигирад, ба миён овард. Бигӯед, ки оё ба изҳоротҳои дипломатии мақомоти расмии Русия дар бораи он ки онҳо дар ин масъала ҳуқуқи Тоҷикистони соҳибистиқлолро қоиланд, ва тайёранд ҳама гуна шартҳои ҳамкориро қабул кунанд, метавон бовар кард?

Аркадий Дубнов: Мефаҳмед, ба ҳар ҳол, ман моилам нигарониҳои Русия, хатари қочоқи маводи мухаддирро, ки тавассути ин марз интиқол меёбад, дар назар бигирам. Чанд сол аст, ки Маскав доимо дар ин бора гап мезанад ва чораҳо мебинад, иқдомҳоро пешниҳод мекунад, аз ҷумла, ҳамроҳи амрикоиҳо нобуд кардани истеҳсоли маводи мухаддир ва транзити онро аз Афғонистон.

Албатта, аз ин нуқтаи назар зоҳиран марзи Тоҷикистон шаффоф аст. Эҳтимол Маскав маҳз ҳаминро ба назар гирифта, кӯшиш мекунад боз дар марз ҳузур пайдо кунад.

Ҳарчанд ман истисно намекунам, ки ннҷо ҳам сабабҳои сиёсиву низомӣ вуҷуд доранд. Бо ин баҳона ба марзҳои собиқ Иттиҳоди шӯравӣ баргаштан. Ва онҳоро боз зери назорати худ гирифтан. Мисли 20 сол қабл.

IWPR: То кадом андоза зимни савдокуниҳо Тоҷикистон аз ҳамкориҳои низомӣ метавонад фоидаи молиявӣ гирад?

Аркадий Дубнов: Бубинед, шумо медонед, ки пойгоҳи низомии амрикоӣ дар Қиргизистон кай пайдо шуд (дар оғози амалиёти низомии зиддитеррористӣ эътилофи Ғарб дар Афғонистон пас аз ҳамлаҳои террористӣ дар ИМА). Чунон ки мегӯянд, лотереяи қирғизҳо бурд кард. Ва амрикоиҳо ҳозир буданд маблағ пардохт кунанд. Қирғизҳо бо мурури замон тавонистанд барои иҷора маблағи бештаре талаб кунанд.

Ба назари ман, муқоисаи вазъияти пойгоҳи низомии амрикоӣ бо пойгоҳи низомии Русия дар Тоҷикистон кори боақлона нест.

Пойгоҳи низомии Русия дар Тоҷикистон мероси даврони шӯравӣ аст. Ин, ба қавле, кӯшишест барои бақои ҳузури худ, ки имрӯз онро асоснок кардан аз лиҳози сиёсиву стратегӣ хеле мушкил аст. Такрор мекунам, Русия ба ин назар аст, ки…сохторҳои низомиву қудратии Тоҷикистонро бо силоҳу таҷҳизот ройгон таъмин мекард ва ё бо нархҳои имтиёзнок медод. Ва Маскав мехост, ки инҳоро Тоҷикистон дар назар дошта бошад, ва ин ҳам ба ҳисоб гирифта шавад.

IWPR: Баъзе аз таҳлилгарон ба ин боваранд, ки мушкили гуфтушунидҳои ҳозира натиҷаи норозигиҳои ҷамъшудаи ҳукумати Тоҷикистон аст. Масалан, набудани дастгирии лозима дар масъалаи баҳс бо ӯзбекистон роҷеъ ба сохтмони НОБ-и Роғун, дуруст маблағгузорӣ накардан дар ҳаҷме, ки Тоҷикистон мехост. Шумо ин андешаро чӣ гуна шарҳ медиҳед?

Аркадий Дубнов: Маълум аст ки раҳбари Тоҷикистон гоҳ-гоҳе ва ҷиддӣ аз сарварони Русия меранҷад. Дар ин маврид ӯ дар сӯҳбат бо дипломатҳои ғарбӣ муфассал ҳарф задааст, ки ба ин масалан навиштаҳои Wikileaks шаҳодат медиҳад.

Mедонед, эҳтимол дорад вай ба ин ранҷидан далел дошта бошад, вале ҳамеша ин ранҷиш боадолатона аст ё не, он қадар итминон надорам.
Дар муддати бист соли охир, ки ман мавқеъ ва сиёсати роҳбарияти Тоҷикистонро мушоҳида мекунам, на як бору ду бор ва расман гуфтаам, ки Душанбе як андоза аз будаш бештар ба таъсири умумии хеш ба минтақа ва ҷаҳон баҳо медиҳад.

Барои мисол, мегирем Қирғизистонро. Барои чӣ ба ин кишвар муяссар мешавад, ки барои хеш гузаштҳоеро дар шакли қарз ва маблағгузорӣ соҳиб шавад? Дар ин ҷой бояд дар мавриди сиёсати дохилӣ ҳарф занем. Дар Қирғизистон муборизаи сиёсии дохилӣ мавҷуд аст, ки дар он нерӯҳои гуногуни сиёсӣ кӯшиш доранд то таваҷҷӯҳи Маскавро ба худ ҷалб кунанд, ки агар ба сари қудрат оянд, фалон масъала ба манфиати Кремл хоҳад шуд. Ва ин амал фоида меорад.
Тавре медонем, чунин ҳолат дар Тоҷикистон вуҷуд надорад. Дар ин кишвар нерӯи ҷиддии сиёсие нест, ки даъво ба ҳукумат кардаву бо Маскав барои таваҷҷӯҳаш ба ин нерӯ савдо кунад.

Режими имрӯза дар Тоҷикистон ҳатто аз ҷониби Русияи ғайридемократӣ кайҳо гарм дастгирӣ намешавад. Дар масъалаи маблағгузорӣ бошад, бадбахтона ба ҳама кайҳо маълум аст, ки иқтисоди ин кишвар аз ҷониби киҳо идора мешавад. Барои ҳамин, ҳар чизе ки ба сарвари давлат дода мешавад, ҳамчун кӯмак ба тамоми Тоҷикистон муаррифӣ мешавад. Муттаассифона, ин ҳарду на ҳамеша якгуна ҳастанд.

IWPR: Далеле дар мавриди он ҳаст, ки дар вақтҳои наздик ҳамкории низомии Тоҷикистон бо Русия тағир меёбад? Агар ҳа, пас ба кадом ҷониб?

Аркадий Дубнов: Шахсан далели ҷиддие дар ин маврид надорам, ки чунин ҳамкории зич сурат бигирад.

Мо метавонем фақат шоҳиди ин гуна ҳамкорӣ шавем, ки ногаҳон Душанбе дарёбад: Ягон бозигари ҷаҳонӣ намехоҳад бо шарту шароити вай, бо шантажи сиёсӣ розӣ шавад. Бояд гуфт, ки на ҳамеша сиёсати Тоҷикистон дар муносибат бо ин кишварҳо бомуваффақият анҷом меёбад.

IWPR: Вақте шантажи сиёсӣ мегӯед, чиро дар назар доред?

Аркадий Дубнов: Масалан, Душанбе ҳамеша мегӯяд: «бо русҳо нашуд, бо амрикоиҳо мешавад». Ин шантажи воқеӣ аст. Вақте вазири корҳои хориҷа Ҳамрохон Зарифӣ мегӯяд, ки замини ҷумҳурӣ – ин дукони хусусӣ нест, он ба мардум тааллуқ дорад ва Маскав ҳуқуқ надорад, ки барои соҳибии абадӣ онро бигирад, ин мавқеи бозингари бақувват нест. Ин мавқеи бозингаре аст, ки тасмим дорад махсус чунин мавқеъ аз ҷониби шарикони дигари ба Душанбе бештар имкон медода, дарк карда мешавад.

Лола Олимова, муҳаррири IWPR доир ба Тоҷикистон

Frontline Updates
Support local journalists