Аскарони тоҷик ҳуқуқи гирифтани ҷубронпулиро барои захмҳои аз минабардоштаашонро даъво менамоянд

Собиқ хизматчиёни ҳарбии аз минаҳо осеб дида, чунин мешуморанд, ки давлат онҳоро ба ихтиёри худ партофтааст.

Аскарони тоҷик ҳуқуқи гирифтани ҷубронпулиро барои захмҳои аз минабардоштаашонро даъво менамоянд

Собиқ хизматчиёни ҳарбии аз минаҳо осеб дида, чунин мешуморанд, ки давлат онҳоро ба ихтиёри худ партофтааст.

Собиқ хизматчиёни артиши тоҷик, ки дар натиҷаи таркиши минаҳо захмӣ гардидаанд, даъво доранд, ки ҳукумат пардохти ҷубронпулиҳоеро, ки барои гирифтани захмдоршавӣ ҳангоми иҷрои вазифаҳои хизматӣ пешбинӣ карда шудааст, боздоштааст.

Ҷаъфар Нозимов соли 1995 дар қӯшунҳои ҳукуматӣ ҳангоми мубориза бо гурӯҳҳои партизании мухолифин дар минтақаи Тавилдара, дар шарқи кишвар, адои хизмат менамуд. Маҳз дар рафти хизмат, ҳангоми баровардани ҷасади ду писарбачае, ки дар натиҷаи таркиши мина як рӯз қабл фавтида буданд, Ҷаъфар минаро зер карда, аз як пояш маҳрум шуд.

Пас аз он ки ӯро барои адои хизмати минбаъда корношоям донистанд, Нозимов гуфт: «Ман бо чандин ариза ба қисми ҳарбие, ки хизмат мекардам, сипас ба кумитаи ҳарбӣ, баъд ба Вазорати мудофиа ва Додситонии ҳарбӣ муроҷиат намудам. Дар ҳама ҷо ба ман мегуфтанд, ки бо сабаби дар рўйхати онҳо ба шумор нарафтанам, суғурта ва кӯмакпулии яквақтаинаи маро пардохт карда наметавонанд».

Ғайр аз Нозимов, дар Тоҷикистон боз қариб 90 нафар собиқ хизматчиёни ҳарбии аз минаҳо захмдор шуда ва қариб 40 оилае, ки наздикони онҳо ҳангоми иҷрои вазифа аз таркиши мина ба ҳалокат расидаанд, зиндагӣ мекунанд. Аксари онҳо арз менамоянд, ки ҷубронпулиҳои муайяншударо нагирифтаанд.

Мувофиқи нишондодҳои Маркази Тоҷикистонии безараргардонии минаҳо, муассисаи ҳукуматие, ки соли 2003 аз ҷониби СММ бо мақсади амалигардонии барнома оид ба безараргардонӣ аз минаҳо таъсис ёфта ва маблағгузорӣ карда мешавад, аз соли 1992 инҷониб зиёда аз 350 нафар ҳалок шуда, 450 нафари дигар дар натиҷаи таркиши минаҳо ё лавозимоти ҷангие, ки безарар гардонидашуда набуданд, захмдор гаштаанд.

Аксари онҳо – шаҳрвандоне, ки ҳангоми чаронидани чорво, корҳои кишоварзӣ ё ҷамъоварии ҳезум дар минтақаҳои қайднашудаи минадор, ба мина бархўрдаанд. Қариб сеяки зарардидагон кӯдакон мебошанд.

Тибқи ҳисоботи Маркази безараргардонии минаҳо, аз ҳамаи онҳое, ки дар натиҷаи таркиши мина ба ҳалокат расидаанд ё осеб дидаанд, танҳо даҳяки онҳо ҳамон замон дар нерӯҳои мусаллаҳ хизмат менамуданд.

Минаҳои зиддипиёдагард дар Тоҷикистон дар тӯли се давраҳои гуногуни таърихӣ дар минтақаҳои гуногуни кишвар гузошта шудаанд: солҳои 80-ум аз ҷониби қӯшунҳои шӯравӣ дар хати сарҳади Афғонистон, солҳои 1992-1997 дар рафти ҷанги шаҳрвандӣ дар водии шарқии Рашт ва охирон, минаҳое, ки низомиёни узбак барои муҳофизати сарҳад бо Тоҷикистон, пас аз ҳамлаҳои силоҳбадастони исломӣ солҳои 1999-2000 гузоштаанд.

Муҳаммад Ёраҳмонови 26-сола, яке аз қурбониёни охироне мебошад, ки дар натиҷаи таркиши мина, моҳи июни соли ҷорӣ дар ноҳияи Дарвоз, дар ҷануби Тоҷикистон як чашмашро гум кардааст.

Талабшо Қосимов бошад, ба монанди Нозимов аз солҳои ҷанги шаҳрвандӣ, ки беш аз 10 сол пеш тамом шудааст, дар талоши гирифтани ҷубронпулии худ қарор дорад. Ҳангоми хизмат дар аскарӣ, ӯ дар рафти иҷрои амалиёти безараргардонӣ аз мина соли 1996 бе по мондааст. Пас аз 9 моҳи хобидан дар беморхонаи артишӣ ва ҷавоб шудан, Қосимов на суғуртапулӣ, на кӯмакпулии яквақтаинаро, ки барои қурбониёне, ки аз минаҳо зарар дидаанд муайян шудаанд, гирифта натавонист.

Он замон қумондони қисми ҳарбии ӯ гуфт, ки пул ҳатто барои маоши афсарони дар хизматбуда намерасад. Вақте Қосимов аз аскарӣ рафт, гуфтанд, ки ӯ дигар ҳуқуқи гирифтани кӯмакпулиро надорад, зеро акнун шаҳрванди қаторӣ аст.

Ӯро ба маъмурияти маҳаллии ноҳияи Кӯлоб равон намуданд ва дар он ҷо ӯ нафақаи маъюбиро ба андозаи 18 доллар дар як моҳ – камтар аз ҳадди ақале, ки расман ҳамчун барои зиндагӣ зарур муайян шудааст, мегирад.

Қосимов дар беморхонаи маҳаллӣ кор карда, болои нафақаи кӯчакаш иловапулӣ мегирад, вале аҳволаш вазнин аст. «Маош ва нафақаи ночиз барои маъюбӣ, барои падари се фарзанд албатта намерасад», - мегӯяд ӯ.

Қосимов ва Нозимов андеша доранд, ки Вазорати мудофиа аз онҳо рӯй гардонидааст. Вале онҳо дар гирифтани кӯмакпулиҳои гузашта ва ҷорӣ исрор дораанд.

Нозимов таъкид менамояд, ки аксар аскарони собиқ «бо вуҷуди маъюбони гурӯҳҳои гуногун буданашон, аз давлат ягон ҷубронпулӣ ё кӯмак нагирифтаанд».

«Аксари онҳо хоҳиши кор карданро доранд, зеро аз ҳисоби нафақапулии барои маъюбӣ мегирифтаашон, таъмин кардани оила имконнопазир аст, вале онҳо қобили меҳнат нестанд,», - илова намуд ӯ.

Нозимов мегӯяд, дар натиҷаи ихтисоршавии пардохтҳо ба миқдори 30 фоиз, ки 4 сол пеш рӯй дода буд, кӯмакпулии яквақтаина барои низомиёни зарардида ҳангоми ба истеъфо рафтан, айни ҳол қариб 540 долларро ташкил медиҳад.

Дар мактуби худ ба IWPR намояндагони Вазорати мудофиа арз намудаанд, ки «Оид ба масъалаҳои пардохти суғуртапулиҳо ва кӯмакпулиҳои яквақтаина, ки дар қонунгузории амалкунанда пешбинӣ карда шудаанд, ягон ҳодисаи радшавӣ ҷой надорад».

Дар ариза ҳамчунин гуфта мешавад, ки мисли соли 2005 Вазорати мудофиа тавассути ширкати суғуртавии давлатӣ маблағгузории кӯмакпулиҳоро бар дӯш дорад, баробари ин, қисми ҳарбии муайян барои пардохти кӯмакпулиҳои яквақтаина, ки барои собиқ низомиёни зарардидаи ҳамин қисм пешбинӣ шудаанд, ҷавобгар аст.

Генерал-майор Абдуқаҳҳор Сатторов, ки зерқисмҳои муҳандисиро дар штаби ҳарбӣ сарварӣ менамояд, илова дорад, ки тамоми ҳайати шахсии амалкунанда суғурта карда шудааст.

Тавре ҳамоҳангсози амалиётҳои штаб Парвиз Мавлонқулов мегӯяд, ҳамаи зарардидагон аз амалиётҳои безараргардонии минаҳо, ки Марказ мегузаронад, ҳуқуқи гирифтани суғуртапулӣ ва табобати ройгон доранд. Андозаи кӯмакпулиҳо аз дараҷаи захми гирифташуда вобаста буда, дар ҳолати фавтидан хешовандони марҳум ба миқдори 20,000-25,000 ҳазор доллар кӯмакпулӣ гирифта метавонанд.

Ин кӯмакпулиҳо аз ҷониби Маркази безараргардонии минаҳо ва донорони онҳо пардохта мешаванд. «Бешубҳа, Вазорати мудофиа низ кӯмак мерасонад, вале тавре худатон вазъияти Тоҷикистонро мефаҳмед, ин маблағ нисбати он маблағе, ки онҳо аз ширкатҳои суғуртавӣ мегиранд, нисбатан кам аст», - мегӯяд Мавлонқулов.

Низомиёни собиқ, ки пештар захмдор шуда буданд, танҳо аз Вазорати мудофиа ва дигар муассисаҳои ҳукуматӣ ҷубронпулӣ мегиранд.

Тибқи гуфтаҳои Нозимов, кормандони Вазорати мудофиа, аз низомиён канораҷӯӣ намуда, дархостҳои онҳоро ба маъмурияти маҳаллӣ ирсол менамоянд, ки онҳо дар навбати худ барои расонидани кӯмак ба осебдидагон даст ба даст намезанад.

«Мо дигар намедонем ба кӣ боз муроҷиат намоем», - мегӯяд ӯ.

Нозимов бо ҳамроҳии дигар низомиён кӯшиш дорад иттиҳоди собиқ низомиёнро бо мақсади гирифтани ҷубронпулии сазовор таъсис намояд. Ин гурӯҳ барои низомиёни зарардида машварати ҳуқуқӣ мерасонад, инчунин барои таъмини худ ва оилаҳояшон дар ёфтани ҷои кор кӯмак мерасонад.

Ин ташкилот қадамҳои нахустини худро мегузорад ва худ бо мушкилиҳои молиявӣ дучор мегардад. Боре фаъолони он маҷбур шуданд аз Вазорати мудофиа барои ёфтани ҳуҷраи корӣ хоҳиш намоянд. Вале Вазорати мудофиа ба хоҳиши онҳо ҷавоби рад дод, бо сабаби он ки айни ҳол миқдори ташкилотҳое, ки ба зарардидагон кӯмак мерасонанд, кифоя ҳастанд.

Намояндаи вазорат ба IWPR онҳоро номбар намуд: Ассотсиатсияи миллии маъюбон, Ҷамъияти кару гунгон, инчунин фабрикаи истеҳсоли протезҳо.

Ба ин нигоҳ накарда, Мавлонқулов ташаббуси мазкурро дастгирӣ менамояд, зеро ассотсиатсияи нав метавонад манфиатҳои аъзоёни худро ҳимоя карда, аз ҷониби донорон маблағгузорӣ карда шавад.
Tajikistan
Frontline Updates
Support local journalists