Ҷазоҳои сабуктар ба қонуншиканҳои ноболиғ дар Тоҷикистон

Қонуни ҷадид имкони ивази таъиноти ҷазо аз зиндон ба ҷаримаро фароҳам мекунад, аммо ҷинояткорони хурдсол ба гумон аст, ки тавонанд онро пардохт кунанд

Ҷазоҳои сабуктар ба қонуншиканҳои ноболиғ дар Тоҷикистон

Қонуни ҷадид имкони ивази таъиноти ҷазо аз зиндон ба ҷаримаро фароҳам мекунад, аммо ҷинояткорони хурдсол ба гумон аст, ки тавонанд онро пардохт кунанд

Тағйиротеро, ки ба ҷинояткорони ноболиғ ҷазоҳои сабук пешбинӣ мекунанд, дар Тоҷикистон ба таври куллӣ хуб пазируфтанд. Аммо иддае аз коршиносон ҳушдор медиҳанд, ки иваз кардани мӯҳлати зиндон бо ҷарима як иқдоми ғайримуассир дар кишваре метавонад бошад, ки кам касе имкони пардохти онро дорад.

Ин тағйирот аз сӯи ду маҷлиси парлумон моҳҳои июну июл тасдиқ шудаанд. Бар пояи онҳо, суд метавонад ҷазоҳоеро, ки барои ҷиноятҳои ғайризӯроварӣ аз озодӣ маҳрум мекунанд, бо ҷаримаҳои пулӣ иваз кунад.

Дигаргуниҳо маворидеро дарбар мегиранд, ки бо ширкати ҷинояткорони ҳам болиғ ва ҳам ноболиғ ба вуқӯъ пайвастаанд. Ҷаримаҳо барои ҷиноятҳое, амсоли дуздӣ, тахриби қасдӣ ё тасодуфии моликият, ки зарари ҷиддӣ ё дигар пайомадҳои ногуворро дар пай надоранд, пешбинӣ шудаанд.

Ҷинояткорони ноболиғ (ҳангоми судури ҳукм аз синни 16 боло, аммо 18 поён) то 7 соли зиндон барои ҷиноятҳои сабук ва то 10 сол барои ҷиноятҳои вазнин маҳкум мешаванд. Онҳоро дар зиндони на он қадар дур аз пойтахт, шаҳри Душанбе, ки ҳам ислоҳотӣ ва ҳам муҷозотӣ аст, нигаҳ медоранд.

Ислоҳоти қонунгузорӣ бо ҳадафи инсонӣ кардани сохтори додгоҳии Тоҷикистон ва ҳамчунин «холӣ кардани» зиндонҳо пешбинӣ шудааст.

Коршиносони соҳаи ҳуқуқ аз дигаргуниҳо истиқбол мекунанд, зеро ин як гуна алтернатива ба нигаҳдории ноболиғоне буда метавонад, ки барои ҷиноятҳои сабук дар маҳбас нигаҳ дошта мешаванд, зеро таъсири манфии зиндон ба ноболиғ маълум аст.

Аммо онҳо ба камбуди ҷиддӣ дар қонуни таҷдидшуда ҳам ишора мекунанд. Онҳо мегӯянд, тавоноии ҷинояткорони ноболиғ дар кишвари қашшоқтарини Осиёи Марказӣ барои пардохти ҷарима хеле ночиз аст. Агар ҷарима пардохт нашавад, наврасро ба муассисаҳои адои ҷазо мефиристанд.

Тибқи сохтори пешин, суд метавонист ашхосеро, ки ҷаримаро пардохта наметавонистанд, маҳдуд кунад, аммо онҳоро ба маҳбас кашида наметавонист. Акнун суд ё ҷинояткоронро маҷбур мекунад, ки ҷарима пардозанд, ё ҳукми паси панҷара фиристодани онҳоро мебардорад.

Илова бар ин, андозаи ҷаримаи ҳадди аксар, ки ба ҷинояткорони хурдсол баста мешавад, бар пояи қонунгузории нав дучанд афзуд. Ҷаримаи аз ҳама зиёд бо назардошти беқурбшавии пул аз 800 ба 1600 доллар боло рафтааст.

Ҷаримаҳо бояд тайи 30 рӯз баъд аз судури ҳукм пардохта шаванд, агар пардохт ба таъхир афтад, бояд то ним соли дигар сурат гирад.

“Дар шароити мо онҳое, ки маблағи дархостиро пайдо карда наметавонанд, зиёданд,
аз ин хотир, хоҳ-нохоҳ равонаи зиндон мешаванд” – мегӯяд Бахтиёр Насруллоев, сарварии созмони ғайридавлатии “Ҳуқуқи башар”.

Ба гуфтаи Насруллоев, иваз кардани мӯҳлати зиндон бо ҷарима як кӯшиши ҳукумати дармонда аст, ки бо ин восита мехоҳад маблағ ба даст оварад.

“Гумон намекунам, ки ҳукумат ин иқдомро ба хотири сабук кардани зиндагии ноболиғони қонуншикан гирифтааст. Эҳтимол, пеш аз ҳама шояд омили молиявӣ нақш бозидааст” – афзуд ӯ.

Вакили дифоъ Маҳмуд Салимов мегӯяд, ҷаримаи ҷинояткорони ноболиғ дар таҷрибаи ҳуқуқӣ қаблан низ вуҷуд дошт, аммо он замон вақте баста мешуд, ки наврас мустақил бошаду маош мегирифт. Акнун кор ранги дигар гирифтааст.

Раҳбари Ҳизби коммунисти Тоҷикистон ва намояндаи парлумон Шодӣ Шабдолов мегӯяд, сохтори ҷадиди муҷозот кӯдакони оилаҳои камбизоатро дар ҳошия қарор хоҳад дод.

“Охир, ин ба дӯши волидайн меафтад, – мегӯяд ӯ. – Агар кӯдак ятим ё волидайни қашшоқ дошта бошад, чӣ кор мекунад?”

Гулчеҳра Раҳмонова, ҳуқуқшинос, ҳангоми фаъолияташ дар “Маркази ҳуқуқи кӯдак” бо парвандаҳои зиёди ноболиғон сарукор гирифтааст. Вай ҳам таъйид кард, ки волидайни ҷинояткорони маъмулӣ имкони пардохти ҷаримаро надоранд.

“Дар аксар маврид наврасони оилаҳои нодорро маҳкум мекунанд, ки маҷбур ба дуздӣ ва ё қаллобӣ шудаанд, то барои қути лоямут ё либос маблағ пайдо кунанд, – гуфт ӯ. – Маъмулан модари танҳои онҳо бекор аст ва бо хайру кӯмакҳои наздиконаш ба сар мебаранд. Дар ин ҳолат онҳо ба хотири додани кӯдак ба муассисаи пӯшида куллан аз пардохти ҷарима даст мекашанд”.

Ширинбек Мирзоев, муовини сарвари хадамоти ҷилавгирӣ аз ҳуқуқвайронкуниҳои ноболиғон ва ҷавонони ВКД Тоҷикистон тасдиқ мекунад, ки нақзи қонун аз сӯи фарзандони волидайни қашшоқ ё кӯчабозорӣ сурат мегирад.
Тадобире, ки қонунгузории нав пешбинӣ мекунад, пардохти ҷарима ва пеш аз мӯҳлат озод шудани ноболиғро дар назар дорад.

Сарвари маҳбаси ислоҳии бачагона Алихон Ҳамроев хавф дорад, ки ин ҳол мӯҷиби пеш омадани натиҷаҳои баръакс барои ҷинояткорони хурдсол мешавад.

“Ба озодӣ баромадан ҳалли мушкили қонуншиканҳо нест, зеро ин бачаҳо бидуни сарпарастии волидайн ба воя расидаанд, савод ва ягон касб надоранд. Мо мекӯшем ба онҳо кӯмак кунем, ки бо тамоми нерӯ ҷинояти худро дарк кунанд ва фаҳмонем, ки онҳо дар зиндагӣ бояд бо меҳнати ҳалол нон ёбанду хӯранд” – мегӯяд ӯ ва афзуд:

“Гуфтем, ки наврас пеш аз мӯҳлат бо пардохти ҷуброн ба озодӣ баромад. Аммо ӯ бо доғи судӣ ва бе касб дар куҷо кор меёбад? Гумони ғолиб ин аст, ки баъди муддате ӯ ба назди мо ё акнун зиндони калонсолон бармегардад”.

Иддае дигар аз коршиносон бар инанд, ки ислоҳоти фарогиртари сохтори мубориза бо ҷинояткории ноболиғон роҳандозӣ шавад. Вақте муҷримро боздошт мекунанд, бояд қоидаҳои меъёрии судиро гузарад, зеро дар кишвар адлияи алоҳидаи ноболиғон (ювеналӣ) нест.

Гурӯҳи коршиносони Кумитаи ҳукуматии ҳуқуқи башар бар пояи як таҳқиқот соли 2009 ошкор кардааст, ки аксари муҷримони ноболиғ барои ҷиноятҳои андак барои он пушти панҷара афтидаанд, ки судҳо ва прокурорҳо роҳҳои қонунии дигар надоштаанд.

Таҳқиқот, ки феврали соли 2010 муаррифӣ шуд, даъватҳои Кумитаи ҳуқуқи атфоли СММ дар бораи роҳандозии сохтори адлияи ноболиғон (ювеналӣ) дар Тоҷикистонро таҳким бахшид.

Коршиносони ҳуқуқи кӯдак мегӯянд, зиндонӣ шудан дар синни хурдсолӣ ба эҳтимоли зиёд ҷинояткори хурдсол ба ҷинояткори бузург табдил медиҳад.

Тоҷиддин Ҷалолов, сарвари Маркази ҳуқуқи атфол мегӯяд, таҷриба нишон додааст, ки то куҷо ба ҷинояткорони ноболиғ наафтидан ба ин муҳит муҳим аст.

“Ба фикри ман, бачаҳоеро, ки аввалин бор ҷиноят кардаанд, набояд ҷазо дод. Бо онҳо метавон ва бояд кор кард” – гуфт ӯ ва афзуд, бо шарофати тарҳи маҳаллии ҷилавгирӣ аз ҷинояткории ҷавонон, ки аз сӯи маркази ӯ роҳандозӣ шуд, тибқи иттилои ВКД, ҷинояткорӣ 27% коҳиш ёфтааст.

“Аммо дар миқёси кишвар ин рух надод, аз ин хотир, бачаҳо фурсати хориҷ шудан аз ҷамъияти чинояткоронро аз даст медиҳанд” – гуфт Ҷалолов.

Валентина Қосимбекова, рӯзноманигор аз Душанбе, ки дар омӯзишҳои IWPR ширкат кардааст

Мақолаи мазкур дар доираи ду лоиҳаҳои IWPR таҳия карда шудааст: «Ҳифзи ҳуқуқҳои инсон ва маълумоти ҳифзиҳуқуқӣ тавассути ВАО дар Осиёи Марказӣ», ки аз ҷониби Комиссияи Аврупо ва «Барномаи иттилоотӣ оид ба рӯшансозии масоили ҳифзиҳуқуқӣ, муноқишаҳо ва мустаҳкамгардонии боварӣ», ки аз ҷониби Вазорати корҳои хориҷии Норвегия маблағгузорӣ карда мешаванд.

IWPR барои мӯҳтавои мақолаи мазкур масъулияти пурра бурда, дар ягон ҳолат нуқтаи назари кишварҳои Иттиҳоди Аврупо ё Вазорати корҳои хориҷии Норвегияро инъикос наменамояд.

Tajikistan
Children
Frontline Updates
Support local journalists