Тоҷикистон: кӯчонидани бошандагони хобгоҳҳо аз бетаъсирии қонунҳо далолат медиҳад

Тоҷикистон: кӯчонидани бошандагони хобгоҳҳо аз бетаъсирии қонунҳо далолат медиҳад

Сокинони хобгоҳи собиқ барои коргарон дар пойтахти Тоҷикистон Душанбе бар зидди соҳибони нав, ки онҳоро берун карданиянд, муқобилат нишон медиҳанд. Ахирӣ бинои хобгоҳро пас аз хусусишавии ширкати давлатӣ, ки ба он тааллуқ дошт, харидорӣ намуданд.

Сокинони рондашуда метавонанд дар ин мубориза мағлуб гарданд, зеро соҳиби нав боварӣ дорад, ки кори ӯ ҳақ аст.

Ин гуна бадаркуниҳо ноилоҷии одамонеро, ки дар пойтахт хонаи шахсӣ надоранд, таъкид мекунад. Қариби 27 ҳазор одам дар 155 хобгоҳ дар тамоми шаҳр иқомат доранд. Замони шӯравӣ аксари корхонаҳо барои истиқомати коргаронашон хобгоҳ доштанд. Вале пас аз соҳибистиқлол гаштани Тоҷикистон ба ин хобгоҳҳо сокинони нав аз деҳотҷойҳо ворид гаштанд, ки аз қашшоқӣ ва харобиҳои ҷанги шаҳрвандии солҳои 1990 гурехта буданд.

Дар мавриди хобгоҳ дар кӯчаи Борбади Душанбе воқеъбуда, аксари иқоматкунандагони он мегӯянд, ки, дар ташкилоти давлатӣ то хусусигардонии он, кор мекарданд ва инро тасдиқ карда метавонанд ва ин ҳуқуқи истиқоматкарданро дар хобгоҳ ба онҳо медиҳад.

Пас аз он, ки ширкати сохтмонии «Хонасоз» хусусӣ карда шуд, хобгоҳ ба давлат гузашт ва сипас, соли 2007 онро ба шахси воқеӣ фурӯхт. Соли 2008 аз хобгоҳ якчанд оиларо бо сабаби он, ки онҳо ҳаққи иҷорапулӣ ва ҳисобҳои коммуналиро пардохт наменамуданд, хориҷ карданд. Исроил Дӯстов, аз шумораи онҳоест, ки оилааш хориҷ карда шуда буд, гуфт, ки аз пардохт кардан бо сабаби эътироз барои баланд кардани иҷорапулӣ сар кашид.

Пас аз муқобилати дурударози ҳуқуқӣ бо дигар сокинон апрели соли 2010 соҳибон давраи нави кӯчонидани сокинонро оғоз намуданд. Сокинони хобгоҳ, ки аз ҷониби IWPR пурсиш карда шуданд, мегӯянд, ки бе манзил 350 нафар ё 80 оила мондаанд.

Худи бино чор ошёна бо 50 ҳуҷра дорад. Айни ҳол бино дар ҳолати харобиовар, бе дари даромад воқеъ дорад. Тирезаҳо шикаста, долонҳои торику ифлос, бо бӯи сахти пешоб мебошанд.

Нисо Камолова ва панҷ фарзанди ӯ аввали апрел хориҷ карда шуданд. Ӯ мегӯяд, ки ӯро ва дигар сокинонро ғайриқонунӣ хориҷ карданд, зеро онҳо ҳуқуқи дар хобгоҳ истиқомат карданро доштанд.

«Мо аллакай 20-25 солӣ дар ин ҷо қайди зист дорем, амрхатҳо ва маълумотномаҳо аз ҷои кор дорем», - мегӯяд ӯ, бо ҳавола ба ҳуҷҷатҳои тасдиқкунанда, ки сокинони хобгоҳ пештар дар корхонае, ки он ба он дахл дошт кор мекарданд.

Камолова бо фарзандонаш муваққатан ба хонаи хешовандонаш кӯчидааст, ки дар хобгоҳи ҳамсоя зиндагӣ мекунанд. Шароитҳои зист дар он ҷо вазнин мебошанд, дар як ҳуҷра се-чор оила зиндагӣ мекунанд. Вале аҳволи дигар сокинони хориҷшуда боз ҳам бадтар аст – онҳо маҷбур ҳастанд дар таҳхонаҳо ва чубтораҳои хобгоҳҳои ҳамсоя зиндагӣ кунанд.

Урунбой Бобошеров, намояндаи соҳибмулки нав, ба IWPR гуфт, ки кӯчонидани сокинон моҳи апрел пас аз он оғоз ёфтанд, вақте 100 истиқоматкунанда талаби кӯчиданро беэътибор монданд, то ин ки хӯҷаин тавонад биноро таъмир намояд.

«Дар мӯҳлати ишорашуда онҳо биноро ихтиёран озод накарданд ва кор ба дасти иҷрокунандагони судӣ гузашт, ки онҳо одамонро киро карда онҳоро (сокинонро) хориҷ карданд», - гуфт Бобошеров.

Соҳибон нақша доранд маблағи калонро барои таъмири бино харҷ намоянд, пас аз он ҳуҷраҳои он аз сари нав супорида мешаванд. Вале иҷорапулии нисбатан баланд, эҳтимол ба сокиноне, ки ҳоло ё пештар хориҷ карда шуда буданд, имкон намедиҳад, то дар бинои таъмиршуда манзил иҷора гиранд.

Нурмаҳмад Мирзоев, боз як намояндаи соҳиби нав, мегӯяд, ки ғайр аз саркашӣ кардан аз кӯчидан, сокинон иҷорапулӣ намесупориданд, инчунин онҳо барои пардохти ҳаққи коммуналӣ қарздор шуда буданд. Инчунин ӯ сокинонро дар он айбдор сохт, ки онҳо тозагии биноро риоя накарда, шабҳо мусиқиро баланд мекарданд ва ҳамсояҳоро нороҳат мегардонданд.

«Вақте мо ба онҳо ин чизҳоро таъкид намуда, тартиботро талаб намудем, ин гуна ба ном ҷанг оғоз ёфт», - гуфт Мирзоев.

Сокинон барои инкор намудани хориҷкунии худ ва таъкид кардани он ки хусусигардонӣ ғайриқонунӣ гузаронида шуд, ба суди ноҳиявӣ даъвои судӣ дода, ба додситон ариза навиштанд.

Яке аз масъалаҳои асосӣ дар он аст, ки оё сокинон метавонанд исбот созанд, ки ҳуқуқӣ зистро дар хобгоҳ доштанд.

Сергей Романов, ҳуқуқшиноси Идораи хукуки инсон ва риояи конуният дар Тоҷикистон мегӯяд, ки сокинон бояд дар даст ҳуҷҷатҳое дошта бошанд, ки дар «Хонасоз», камаш давоми даҳ сол кор карданашонро шаҳодат медиҳанд ва ин имкони гирифтани ҳуҷраро дар хобгоҳ ба онҳо фароҳам меоварад.

Ба гуфти Бобошеров, ӯ аз «Хонасоз» маълумоте дорад ва дар он ишора шудааст, ки баъзе аз онҳое, ки ҳоло зидди хориҷшавӣ эътироз доранд, ҳеҷ гоҳ дар ширкати айни ҳол маҳкамшуда кор намекарданд.

Баъзе ҳуқуқшиносон таъкид доранд, ки фурӯши хобгоҳ номумкин буд, зеро он дар активи ширкати хусусигардонидашуда буд.

Дар қатори онҳо ҳамчунин Маҳмадалӣ Нуралӣ, вакили ҳимоятгари сокинони хориҷкардашуда, ки мегӯяд: «Дар моддаи 115-и Кодекси манзили ҶТ гуфта мешавад, ки хусусигардонии хобгоҳҳо манъ карда мешавад».

Пас аз хусусигардонӣ «Хонасоз» ба Агентии давлатии сохтмон ва меъморӣ супорида шуд, ки қарори фурӯхтани онро баровард. Барои ин, он ба кумитаи давлатӣ оид ба сармоягузориҳо ва идораи моликияти давлатӣ муроҷиат намуд.

Намояндаи Агентии давлатӣ оид ба сохтмон ва меъморӣ Қурбон Тешаев ба IWPR гуфт, ки одамоне, ки дар хариду фурӯш иштирок доштанд, дигар дар агентӣ кор намекунанд ва он дигар чорае дида наметавонад, то ба сокинони хориҷкардашуда кӯмак расонад.

«Соҳибмулк мегӯяд, ки хобгоҳ ба ӯ тааллуқ дорад ва ӯ метавонад ҳар коре хоҳад бо он кунад, хоҳад – хориҷ мекунад, нахоҳад – не», - гуфт ӯ.

Ӯ илова кард, ки агентӣ аз роҳбарияти худ дастури сахтгирона гирифт, то чунин ҳолатҳо минбаъд пешгирӣ карда шаванд, ва «бинобар ин, мо ҳамаи дархостҳои соҳибкоронро оид ба хусусигардонӣ ва фурӯши хобгоҳҳое, ки дар баланси мо қарор доранд, беэътибор мемонем. Ин ҳодиса барои мо дарси ибрат гашт».

Дар мактуби IWPR Кумитаи давлатӣ оид ба сармоягузориҳо ва идораи моликияти давлатӣ хабар дод, ки ҷараёни хусусигардонӣ соли 2007 дурусткорона гузашт.

«Аз ҷониби мақомотҳои судӣ бо қарорҳои мувофиқ амалиёти хусусигардонии хобгоҳ қонунӣ эътироф карда шуд ва ягон гуна амалҳои ғайриқонунӣ дар ин ҷараён маълум карда нашуд», - гуфта мешавад дар мактуб.

Бобошеров ҳамчунин таъкид дорад, ки хариди бино комилан қонунӣ шуда гузашт.

Абдураҳмон Шарипов, вакили ҳимоятгарӣ ширкати байналмиллалии ҳуқуқии «Контракт» дар Душанбе, мегӯяд, ки аз рӯи қонуни дигар сокинон ҳуқуқ доранд дар манзили худ боқӣ монанд, новобаста аз он, ки бино аз давлат ба моликияти хусусӣ гузаштааст.

«Чӣ гуна хобгоҳро бо одамони дар он зиндагидошта фурӯхтан мумкин буд» - мегӯяд ӯ. – Ҳуқуқи конститутсионӣ барои манзил доштан ба фоидаи манфиатҳои шахсӣ поймол карда мешавад».

Тибқи гуфтаҳои Романов, холигӣ дар қонунгузории мавҷудаи манзилӣ нофаҳмиҳои ҳуқуқиро дар ин кор боз ҳам душвор сохт, зеро «айни ҳол дар Кодекси манзилӣ механизмҳои аниқи амалиёти хориҷкунӣ аз биноҳои истиқоматӣ вуҷуд надоранд».

Бобошеров аз номи соҳиб баромад карда, гуфт, ки ҳуқуқшиносоне, ки манфиатҳои сокинонро пайгирӣ менамоянд, корро аз рӯи далелҳои ғалат асос мекунанд ва ин ҷо қонунҳоеро, ки танҳо моликияти манзилиро ба танзим меоваранд, истифода бурдан лозим нест.

Бобошеров так же утверждает, что приобретение здания было абсолютно законным.

Вале, Кумитаи моликияти давлатӣ ҷонибдори он нуқтаи назар аст, ки сокинони хобгоҳ ҳуқуқи зистан доранд, «дар сурате, ки қоидаву тартиботи зистанро риоя мекунанд ё барои хориҷ кардани онҳо қарори дахлдори судӣ нест».

Умуман, гуфт Шарипов, баҳсҳои ҳуқуқӣ нишон медиҳанд, ки шаҳрвандон дар шароити гузариш аз замони шӯравӣ бо «шабакаи суғуртавии» иҷтимоии он ба иқтисодиёти бозоргонӣ то чӣ дараҷа ночор ҳастанд. Хобгоҳ барои коргарон – ин қисмати он олами кӯҳна аст ва бинобар ин, қонунгузории мувофиқ, ки алалхусус ба хусусигардонӣ дахл дорад, бояд аз сари нав дида баромада шавад. Вале боз ҳам муҳимаш, таъмин намудани бехатарии онҳое, ки дар маркази чунин ҷараён қарор гирифтаанд, мешуморад ӯ.

Зарина Эргашева – рӯзноманигор аз Тоҷикистон, ки аз тренингҳои IWPR гузаштааст.

Мақолаи мазкур дар доираи ду лоиҳаҳои IWPR таҳия карда шудааст: «Ҳифзи ҳуқуқҳои инсон ва маълумоти ҳифзиҳуқуқӣ тавассути ВАО дар Осиёи Марказӣ», ки аз ҷониби Комиссияи Аврупо ва «Барномаи иттилоотӣ оид ба равшаннамоии масоили ҳифзиҳуқуқӣ, муноқишаҳо ва мустаҳкамгардонии боварӣ», ки аз ҷониби Вазорати корҳои хориҷии Норвегия маблағгузорӣ карда мешаванд.

IWPR барои мундариҷаи мақолаи мазкур масъулияти пурра бурда, дар ягон ҳолат нуқтаи назари кишварҳои Иттиҳоди Аврупо ё Вазорати корҳои хориҷии Норвегияро инъикос наменамояд.

 

Tajikistan
Frontline Updates
Support local journalists